Ru  | Tj
Бо ҷудосозии синфҳои духтарону писарон донишгоҳҳои Афғонистон бозкушоӣ мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бо ҷудосозии синфҳои духтарону писарон донишгоҳҳои Афғонистон бозкушоӣ мешаванд
Акс: Интернет

Бо ҷудосозии синфҳои духтарону писарон донишгоҳҳои Афғонистон бозкушоӣ мешаванд

Нашр шуд

Масъулони Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати Толибон* тасдиқ мекунанд, ки донишгоҳҳои давлатӣ аз аввали моҳи феврал ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Муҳаммад Тақӣ, сухангӯи Вазорати таҳсилоти олии таҳти раҳбарии Толибон гуфт, онҳо саъй доранд, ки дарсҳои донишгоҳиро бо ҷудосозии синфҳои духтарона ва писарона ҳарчӣ зудтар оғоз кунанд.

Вай тасдиқ кард, ки донишгоҳҳои давлатӣ аз аввали моҳи феврал боз хоҳанд шуд.

Муҳаммад Тақӣ ҳамчунин таъкид мекунад, ки низоми омехта дар маорифи исломӣ ҷой надорад ва онҳо иҷозат намедиҳанд, ки занону мардон якҷо таҳсил кунанд. 

Ба гуфтаи ӯ, дар донишгоҳҳо дарсҳо барои писарону духтарон алоҳида оғоз мешаванд ва ин равиш дар саросари кишвар ҷорӣ мешавад.

Толибон пеш аз ин барои ҷудосозии синфҳои духтарон ва писарон дар байни синфаҳо парда овехта буданд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Иттиҳоди Аврупо расман намояндагии худро дар Кобул боз кардааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед