Ru  | Tj
Боку ва Душанбе густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боку ва Душанбе густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро баррасӣ карданд
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боку ва Душанбе густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Ҳайатҳои Тоҷикистону Озорбойҷон дар як конфронси маҷозӣ масоили марбут ба густариши равобити тиҷориву иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Душанбе ва Бокуро баррасӣ карданд.

Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки мулоқоти ҳайатҳо рӯзи 7-уми октябр таҳти раёсати Шараф Шерализода, муовини Вазири корҳои хориҷи Тоҷикистон ва Равшан Наҷаф, муовини Вазири иқтисоди Озорбойҷон баргузор шуд.

Дар ин мулоқот ба роҳбарони ширкатҳои озарӣ дар бобати имкониятҳои сармоягузорӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз онҳо даъват ба амал оварда шудааст, ки дар таъсиси корхонаҳои муштарак ва марказҳои муштараки логитсикӣ саҳм гузоранд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо бо таъкид ба имконоти истифоданашудаи ҳамкорӣ дар сатҳи давлатӣ ва хусусӣ миёни ду кишвар, зикр намудаанд, ки баргузории анҷуману ҳамоишҳои соҳибкорӣ ба тақвияти равобити иқтисодиву тиҷории Душанбе ва Боку мусоидат хоҳад кард.

Моҳи марти имсол дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷайҳун Байрамов, Вазири корҳои хориҷии Озорбойҷон, низ тарафҳо ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва истифода аз роҳи оҳан барои интиқоли молу маҳсулот, ҳамчунин таъсиси марказҳои муштараки логистикӣ таъкид намуда буданд.

Тоҷикистону Озорбойҷон равобити хуби сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ доранд, аммо аз ҳарду ҷониб борҳо таъкид шудааст, ки имконоти мавҷуда ҳанӯз пурра истифода намешавад.




Президент дар Суғд корхонаи тавлиди шиферҳои асбестиро ифтитоҳ намуд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед