Ru  | Tj
Бонкҳои Қазоқистон дар Афғонистон намояндагиҳои худро таъсис медиҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонкҳои Қазоқистон дар Афғонистон намояндагиҳои худро таъсис медиҳанд
Акс: Интернет

Бонкҳои Қазоқистон дар Афғонистон намояндагиҳои худро таъсис медиҳанд

Нашр шуд

Нуриддин Азизӣ, иҷрокунандаи вазифаи Вазири саноат ва тиҷорати Толибон* гуфтааст, ки ба манзури тавсеа ва мусоиди бештари тиҷорат миёни Афғонистон ва Қазоқистон дар Афғонистон долонҳои ҳавоӣ ва намояндагии бархе аз бонкҳои қазоқӣ таъсис хоҳанд шуд: 

“Қазоқистон яке аз кишварҳое аст, ки Афғонистон бо он тиҷорати густурда дорад ва ин тиҷорат густариш хоҳад ёфт”, гуфтааст Нуриддин Азизӣ.

 Аз тарафи дигар Вазири савдои Қазоқистон, ки ба Кобул сафар кардааст гуфта, ки корҳо барои таъсиси утоқи муштараки бозаргонӣ миёни ду кишвар идома доранд.

 Иҷрокунандаи вазифаи Вазири саноат ва савдои Толибон ҳамчунон хабар додааст, ки барои тавсеа ва мусоидати бештари тиҷорат миёни Афғонистон ва Қазоқистон долонҳои ҳавоӣ ва намояндагии бархе аз бонкҳои қазоқ дар Афғонистон таъсис хоҳанд шуд.

 Қазоқистон яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки мегӯяд, омодаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Толибон аст.

*Толибон – ҳаракати террористии фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ҷаҳон



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед