Ru  | Tj
Бонкҳои Тоҷикистон кортҳои пардохтии Русия - "Мир"-ро қабул мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонкҳои Тоҷикистон кортҳои пардохтии Русия - "Мир"-ро қабул мекунанд
Фото: Российская газета

Бонкҳои Тоҷикистон кортҳои пардохтии Русия - "Мир"-ро қабул мекунанд

Нашр шуд

Корти "Мир"-ро дар бонкоматҳо ва терминалҳои ду бонки Тоҷикистон метавон бидуни маҳдудият истифода кард.

Дар ин бора Дилафрӯз Раҳматова, раҳбари дафтари матбуоти Бонки давлатии “Амонатбонк” дар суҳбат ба хабаргузории “ТАСС” иттилоъ додааст.

Раҳматова афзудааст, ки кортҳои низоми пардохтии Русия "Мир" дар бонкҳои "Амонатбонк" ва  “Душанбе Сити Банк"-и Тоҷикистон мавриди корбурд қарор доранд.

Гуфта мешавад, аз Тоҷикистон тавассути замимаи "Амонат Мобайл" ва аз Русия тавассути ҳама гуна замимаи мобилии бонкҳои мухталифи Русия ба корти "Мир" гузаронидани маблағ мумкин аст.

Бояд гуфт, ки давоми чанд ҳафтаи охир бархе аз бонкҳои чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Қазоқистон ва Туркия  аз қабули корти "Мир" даст кашида буданд. Корти "Мир" дар бисëр кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавриди истифода қарор дорад.


Ҳамкории бонки русӣ бо Алиф Бонк


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед