Ru  | Tj
Бонки ҷаҳонӣ ба рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 58 миллион доллар грант медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ ба рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 58 миллион доллар грант медиҳад
Акс: Sputnik

Бонки ҷаҳонӣ ба рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон 58 миллион доллар грант медиҳад

Нашр шуд

Рӯзи 21-уми июни соли равон дар шаҳри Душанбе Созишнома оид ба маблағгузорӣ барои Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳозода ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс ба имзо расид.

Оҷонсии иттилоотии “Ховар” хабар медиҳад, ки маблағи умумии лоиҳа 58 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, он дар шакли грант пешниҳод гардидааст. Татбиқи лоиҳа аз соли 2021 то соли 2027 дар назар аст.

Мақсади асосии лоиҳа чунин шарҳ дода шудааст: “Ҳадафи асосии Лоиҳа тақвияти заминаи бахши устувори соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ тавассути зиёд кардани дастрасии тухмии хушсифат, ниҳолҳои ба иқлим тобовар, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии агрологистикии деҳқонон ва корхонаҳои кишоварзӣ, тақвияти идоракунии институтҳои давлатӣ мебошад”.

Гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳа маблағҳои пениҳодгардида, ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид, баланд бардоштани қудрати муассисаҳои миллии кишоварзӣ дар самти таҳқиқот ва рушд барои мутобиқ гардонидани технологияҳои мавҷуда ба шароити маҳал, зиёд кардани тухмиҳо, ниҳолҳо ва маводҳои ниҳолшинонӣ, таъмини сифат, тақвияти фаъолияти агрологистикӣ мониторинги воқеии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи замин ва агрометереология равона мегарданд.



Чин барои навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Рӯшон 203 миллион доллар грант медиҳад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед