Ru  | Tj
Бонки Ҷаҳонӣ барои эмгузаронӣ ба Тоҷикистон 25 миллион доллари изофӣ ихтисос медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ барои эмгузаронӣ ба Тоҷикистон 25 миллион доллари изофӣ ихтисос медиҳад
Акс: Интернет

Бонки Ҷаҳонӣ барои эмгузаронӣ ба Тоҷикистон 25 миллион доллари изофӣ ихтисос медиҳад

Нашр шуд

Миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ созишномаи грантӣ  оид ба хариду таҳвили ваксина алайҳи бемории сироятии COVID-19 ба маблағи 25 миллион доллар ба имзо расид.

Ба маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15-уми марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимли имзо шудааст.

Гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур дар ҷумҳурӣ аз соли 2020 амалӣ мешавад ва дар доираи он кӯмакҳо ҷиҳати бартараф намудани паёмадҳои манфии COVID-19, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ равона шудаанд.

Таъкид гардидааст, ки маблағҳои иловагӣ барои  харид ва таъминоти вояҳои зидди COVID-19 истифода хоҳанд шуд.

Қобили қайд аст, ки айни замон Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 25 лоиҳаро ба маблағи умумии 1 миллиарду 390 миллион доллар маблағгузорӣ менамояд. Аз соли 1996 инҷониб Бонки Ҷаҳонӣ ба кишвар беш аз 2 миллиарду 440 миллион доллар дар шакли грантҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, қарзҳои нисбатан имтиёзнок ва маблағҳои фондҳои мақсаднок ҷудо кардааст.


Гуттериш: Тоҷикистон ҷонибдори ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ аст



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед