Ru  | Tj
Бонки Ҷаҳонӣ дар посух ба баста намудани мактабҳои духтарона аз тарафи Толибон 4 лоиҳаи калонро дар Афғонистон қатъ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ дар посух ба баста намудани мактабҳои духтарона аз тарафи Толибон 4 лоиҳаи калонро дар Афғонистон қатъ кард
Акс: Sputnik

Бонки Ҷаҳонӣ дар посух ба баста намудани мактабҳои духтарона аз тарафи Толибон 4 лоиҳаи калонро дар Афғонистон қатъ кард

Нашр шуд

Ба гузориши хабаргузории “Рейтер”, Бонки Ҷаҳонӣ эълом кардааст, дар посух ба он, ки Толибон* таҳсили духтарони аз синфи 6-ум ба болоро мамнӯъ  карданд, аз сармоягузории чаҳор тарҳ ба маблағи 600 миллион доллар дар Афғонистон даст кашид.

Лоиҳаҳо бояд тавассути Сандуқи бозсозии Афғонистон маблағгузорӣ мешуданд ва аз ҷониби ниҳодҳои СММ барои дастгирии кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳои зиндагӣ омода ва амалӣ мегардиданд.

Бонки Ҷаҳонӣ аз тасмими Толибон барои бастани мактабҳои духтарона изҳори нигаронии амиқ кардааст. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, дастури ин бонк тамоми фаъолиятҳоеро, ки аз ҷониби Сандуқи бозсозии Афғонистон маблағгузорӣ мешавад, барои ҳимоят аз дастрасӣ ва хидматрасониҳо барои занону духтарон дар Афғонистон тақозо мекунад.

Бонк таъкид мекунад, ки чаҳор тарҳ танҳо дар сурате барои тасвиб ба Сандуқи бозсозии Афғонистон ироа хоҳанд шуд, ки агар Бонки Ҷаҳонӣ ва шарикони байналмилалии он вазъро беҳтар дарк кунанд ва мутмаин бошанд, ки мактабҳои духтарона боз хоҳанд шуд ва ҳадафҳои тарҳ иҷро мешаванд.

Дар аввалҳои моҳи ҷорӣ Шӯрои иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ тарҳи истифодаи беш аз 1 миллиард доллар аз Сандуқи бозсозии Афғонистонро тасвиб кард. Бонк ваъда дод, ки лоиҳаҳоро дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва эҳтиёҷоти фаврии оилаҳо маблағгузорӣ мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ кӯшиш мекард, ки бо Толибон канор биёяд ва ин пулро тавассути агентиҳо ва кӯмакҳои СММ пардохт кунад ва Толибон низ ваъда дода буданд, ки ҳақи омӯзиш ба занону мардонро фароҳам мекунанд.

Вале, ҳафтаи гузашта Толибон мактабҳои духтаронаро иҷозаи бозгушоӣ надоданд ва гуфтанд, ки онон фазои исломиро барои таълими духтарон омода мекунанд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Посухи сафорати Русия ба донишҷӯёни тоҷик


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед