Ru  | Tj
Бонки ҷаҳонӣ: Миёни кишварҳои ИДМ сатҳи баландтарини рушдро иқтисоди Тоҷикистон касб менамояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки ҷаҳонӣ: Миёни кишварҳои ИДМ сатҳи баландтарини рушдро иқтисоди Тоҷикистон касб менамояд
Акс: Интернет

Бонки ҷаҳонӣ: Миёни кишварҳои ИДМ сатҳи баландтарини рушдро иқтисоди Тоҷикистон касб менамояд

Нашр шуд

Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, имсол миёни кишварҳои ИДМ сатҳи баландтарини рушдро иқтисоди Тоҷикистон касб менамояд. Бар пояи гузориши ин бонк ММД кишвари мо соли 2021 5,3 дарсад рушд хоҳад кард.  

Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши охири худ, ки рӯзи 8-уми июн нашр шуд, овардааст, ки “интизор меравад, дар соли 2021 рушди глобалӣ ба 5,6 дарсад баробар мешавад, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар ҳаштод соли охир аст”.

Аммо коршиносон ба ин боваранд, ки мизони рушд барои кишварҳо якранг набуда, бештар аз ҳисоби мамлакатҳои дорои иқтисоди бузург сурат мегирад ва аксар кишварҳои рӯ ба рушд имсол низ зери таъсироти манфии паёмадҳои пандемияи коронавирус боқӣ мемонанд ва рушди иқтисоди Амрико ва Чин бештар аз ҳама ба барқароршавии иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард.

Бонки ҷаҳонӣ ин бор ба иқтисоди Тоҷикистон хушбинона баҳо дода, мизони рушди онро миёни кишварҳои ИДМ баландтарин пешгӯӣ кардааст.

Дар гузориши қаблии ин бонк рушди воқеии иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2021 3,5 дарсад пешгӯӣ шуда буд.



Акнун молҳои Тоҷикистон тариқи "Amazon" низ фурӯхта мешавад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед