Ru  | Tj
Бонки исломии рушд барои Тоҷикистон 250 млн доллар ҷудо мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки исломии рушд барои Тоҷикистон 250 млн доллар ҷудо мекунад
Акс: point.md

Бонки исломии рушд барои Тоҷикистон 250 млн доллар ҷудо мекунад

Нашр шуд

Дар Душанбе масоили густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Мансур Мухтор, муовини ин созмони байналмилалии молӣ баррасӣ шуд.

Шоми рӯзи 6-уми феврал дар Душанбе кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мансур Мухтор, муовини раиси Бонки исломии рушд дидор намуд.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин мулоқот раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энержӣ, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар идома таъкид мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Мансур Мухтар дар ин дидор мусоидат барои рушди зерсохтҳо, татбиқи лоиҳаҳои бунёду таҷдиди роҳҳо, иншооти энержӣ, барқарорсозии низоми обёрӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзиро аз самтҳои дигари ҳамкории судманди ду ҷониб номидаанд.

Дар ҳамин ҳол Мансур Мухтор, муовини раиси Бонки исломои рушд баъди анҷоми мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ки дар соли ҷорӣ ин созмони байналмилалии молӣ барои татбиқи 4 лоиҳа ҷудо намудани 250 миллион доллар пешнибӣ намудааст, ки он, пеш аз ҳама, барои амалишавии лоиҳаҳои муҳими Тоҷикистон, аз ҷумла нерӯгоҳи «Роғун» равона мегарданд.

Ба гуфтаи вай, Бонки исломии рушд инчунин ҷиҳати ҷалби сармоя ба тарҳи нерӯгоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон аз дигар ниҳодҳои ва ташкилоти молӣ фаъолияти хешро ҷоннок хоҳад кард.

Мансур Мухтор дар идома таъкид кард, ки аз замони оғози ҳамкориҳо то кунун Бонки исломии рушд барои татбиқи 92 лоиҳа дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 620 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин лоиҳаҳо асосан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энержӣ, нақлиёт, обёрӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон амалӣ карда шудаанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед