Ru  | Tj
Бонки Исломии Рушд бунёди нерӯгоҳи “Роғун”-ро сармоягузорӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки Исломии Рушд бунёди нерӯгоҳи “Роғун”-ро сармоягузорӣ мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Бонки Исломии Рушд бунёди нерӯгоҳи “Роғун”-ро сармоягузорӣ мекунад

Нашр шуд

Бонки Исломии Рушд барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» 150 миллион доллар ҷудо мекунад, ки якҷо бо маблағи сандуқҳои рушди Араб 550 миллион долларро ташкил медиҳад.

Созишнома дар ин бора ахиран зимни мулоқоти муштараки вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Завқӣ Завқизода ва вазири молияи кишвар, Файзиддин Қаҳҳорзода бо раиси Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер дар Душанбе имзо шуд.

Бар асоси ин санад, барои татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун” ба маблағи умумии 150 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад шуд, ки якҷо бо маблағҳои ҳамоҳангнамудаи сандуқҳои рушди Араб 550 миллион долларро ташкил медиҳад.

Нерӯгоҳи обии "Роғун" бо иқтидори 3600 мегаватт бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Осиёи марказӣ хоҳад шуд. Ин нерӯгоҳи обӣ бо сарбанди 335-метрӣ дар сурати баҳрабардории комил солона то  17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки раиси Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, доктор Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассер бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.

Зимни мулоқоти вазирони иқтисоду молияи Тоҷикистон бо ал-Ҷассер, қаноатмандии ҷониби Душанбе аз ҳамкории судманд бо Бонки Исломии Рушд таъкид гардида, саҳми Бонк дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ баланд арзёбӣ карда шуд.

Гуфта мешавад, ки Бонки Исломии Рушд дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон чандин лоиҳаҳои муҳимро татбиқ намудааст, ки маблағи умумии онҳо 916 миллион доллар аст.

Аз ҷумла,  ҳоло аз ҷониби ин созмони байналмилалии молӣ ба маблағи 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед