Ru  | Tj
Бонки миллӣ иҷозатномаи фаъолияти "Кафолатбонк"- ро бозхонд намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллӣ иҷозатномаи фаъолияти "Кафолатбонк"- ро бозхонд намуд
Акс: Азия-Плюс

Бонки миллӣ иҷозатномаи фаъолияти "Кафолатбонк"- ро бозхонд намуд

Нашр шуд

Раëсати Бонки миллии Тоҷикистон   иҷозатномаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Кафолатбонк»-ро бозхонд кард.

Ба иттилои сомонаи Бонки миллӣ, 27-уми октябр ин ниҳод иҷозатномаи фаъолияти "Кафолатбонк"-ро бозхонд кардааст.
Манбаъ дар бобати ҷузъиëти сабабҳои бозхонди иҷозатномаи фаъолияти ин бонк дар Тоҷикистон маълумот надодаву танҳо гуфтааст, ки ин иқдом бо сабабҳои асоснок гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар асоси қарори Бонки миллӣ аз дирӯз гузаронидани тамоми амалиёти нақдӣ ва ғайринақдӣ, интиқоли маблағҳо аз суратҳисоб ва бегонакунии дороӣ ва молу мулк дар ҶСП «Кафолатбонк» манъ карда шудааст.

Бонки миллӣ меафзояд, 92 дарсади саҳмияҳои "Кафолатбонк" -ро бонки эронии "Сармоябонк" ба ихтиëр дошт.

Пас аз баста шудани "Кафолатбонк" дар Тоҷикистон танҳо як бонки эронӣ - намояндагии бонки "Тиҷорат" боқӣ монд.

Каблан Бонки миллӣ иҷозатномаи фаъолияти ду бонки дигар - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро бозхонд карда буд.




Ҷаласаи Ҳукумат: Буҷети давлатӣ дар соли оянда беш аз 18 дарсад афзоиш меёбад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед