Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон меъëри бозтамвилро боло бурд
Нашр шуд
Кумитаи сиёсати пуливу қарзии Бонки миллӣ меъëри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ - аз 13,25% то ба 13,5%-и солона боло бурд.
Ба иттилои Бонки миллӣ, меъëри нави бозтамвил аз имрӯз мавриди амал қарор мегирад ва ин тасмими болобарӣ барои нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи мизони муайянгардида гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки мизони муайянгардидаи таваррум барои соли 2022 аз ҷониби Бонки миллӣ чун соли пешин дар сатҳи 6,0% муқаррар шудааст.
Бори охир моҳи октябри соли 2021 меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон боло бурда шуда, аз 11 фоизи солона ба 13,25% фоиз расонида шуда буд.
Меъёри бозтамвил нишондоди фоизиест, ки аз рӯи он Бонки марказӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз медиҳад ва ҳамчунин пасандоз қабул мекунад. Ҳаҷми меъёри бозтамвил ба сатҳи таваррум таъсир дорад, зеро тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит таъсир мерасонад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед