Ru  | Tj
Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон 71 млн доллар кумаки билоиваз ихтисос медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон 71 млн доллар кумаки билоиваз ихтисос медиҳад

Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон 71 млн доллар кумаки билоиваз ихтисос медиҳад

Нашр шуд

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд ва Тоҷикистон созишнома дар бораи ҷудо кардани 71 миллион доллар маблағҳои грантӣ барои лоиҳаҳои нерӯи сабз ва беҳтар кардани фазои тиҷорат имзо карданд.

Ин аснод рӯзи 12 август аз ҷониби Файзиддин Қаҳхорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Шенни Кэмпбелл, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар кишвар имзо шуданд.

Тибқи иттилои намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, гранти аввал ба маблағи 50 миллион доллар барои беҳбуди фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.

Ин лоиҳа рақамисозӣ, ислоҳот барои афзоиши содирот, такмили идоракунии зерсохтҳо ва баланд бардоштани шаффофияти молиявиро дар бар мегирад. Ҳимоят аз корхонаҳои хурду миёна дар мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим низ пешбинӣ шудааст.

Қисмати дуввуми кумаки молии билоиваз ё худ грант ба маблағи 21 миллион доллар барои иваз кардани чархаи чоруми нерӯгоҳи “Сарбанд”, ки соли 2019 аз кор монда буд, истифода мешавад.

Интизор меравад, ки бо таҷдиди пурраи нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” тавоноии он аз 240 мегаватт то ба 274 мегаватт дар соли 2026 афзоиш ёбад. Хотиррасон мекунем, ки соли 2013 миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд созишномаи грантӣ ба маблағи 136 миллион доллар барои тарҳи бозсозии нерӯгоҳи обии "Сарбанд" ба имзо расид. Лоиҳаи мазкур ба таври пурра иваз кардани панҷ агрегати ин нерӯгоҳро дар бар мегирифт.

Гуфтанист, Тоҷикистон соли 1998 узви Бонки осиёии рушд шуда, то кунун ин созмони молӣ ба Душанбе беш аз 2,6 миллиард доллар ҷудо кардааст, ки беш аз 2 миллиард доллари он кумаки молӣ ё худ грант ҳастанд. Маблағҳои Бонки осиёии рушд барои тавсеаи зерсохтҳои нақлиёт ва энергетика, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон истифода шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед