Ru  | Tj
Бонувони ихтироъкори тоҷик дар Сеул Шоҳҷоиза ва медали тилло гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонувони ихтироъкори тоҷик дар Сеул Шоҳҷоиза ва медали тилло гирифтанд
Акс: Интернет

Бонувони ихтироъкори тоҷик дар Сеул Шоҳҷоиза ва медали тилло гирифтанд

Нашр шуд

Ду бонуи омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми 15-уми байналмилалии занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ  соҳиби медали тилло ва Шоҳҷоиза гардиданд. 

Ба иттилои маркази иттилоотӣ ва таҳлилии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ин форум, ки аз 24-ум то 27-уми август баргузор гардид, омӯзгорони ин донишгоҳ Саврибегим Ёрмамадова ва Муқаддас Қурбонова дар  самтҳои  «Истифодаи пайвастаҳои комплексии руҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл» ва «Истифодаи хӯлаҳои алюминий бо бериллий дар саноати мошинсозӣ» ихтирооти худро миёни мутахассисони сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд.

Гуфта мешавад, ихтирооти бонувони тоҷик аз сӯи  коршиносон пас аз таҳлилу баррасиҳо баҳои баланд гирифтаву Саврибегим Ёрмамадова ва Муқаддас Қурбонова бо Шоҳҷоиза ва медали тиллои ин форуми байналмилалӣ қадрдонӣ шудаанд.

Манбаъ меафзояд, Форуми 15-уми байналмилалии занони ихтироъкор, дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ бо иштироки намояндагони 30 давлати узви Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва 500 нафар ихтироъкор баргузор гардидааст.

Бори аввал нест, ки омӯзгорони Донишгоҳи миллӣ дар  озмунҳои байналмилалии  ихтироъкорон ғолиб меоянд. Аз ҷумла, соли гузашта низ Мавлуда Давлатмамадова, устоди кафедраи химияи татбиқии ин донишгоҳ дар Форуми ихтироъкорони ҷаҳон дар Полша соҳиби медали тилло гардида буд.


Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар Душанбе ба фаъолият оғоз кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед