Ru  | Tj
Бонувони камонкаши тоҷик дар Самарқанд дар сабқати “Ҷоми Томирис” ширкат менамоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонувони камонкаши тоҷик дар Самарқанд  дар сабқати “Ҷоми Томирис” ширкат менамоянд
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи Олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бонувони камонкаши тоҷик дар Самарқанд дар сабқати “Ҷоми Томирис” ширкат менамоянд

Нашр шуд

Занони камонвари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Томирис”, ки дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор мешавад, ширкат менамоянд. 

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Сабқати байналмилалии камонварӣ миёни занон аз 27-ум то 29-уми октябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон баргузор мегардад ва дар он беш аз 50 варзишгар аз кишварҳои  Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Украина ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар ин сабқат се нафар - Фирӯза Зубайдова, Заронаи Фирӯз ва Мавзуна Азимова намояндагӣ мекунанд. 

Манбаъ меафзояд, ки мусобиқаи мазкур дар масофаи 70 метр - даври олимпӣ ба сурати инфиродӣ ва даставӣ гузаронида мешавад. 

Бояд гуфт, ки Фирӯза Зубайдова, Заронаи Фирӯз ва Мавзуна Азимова моҳи октябри имсол дар Душанбе дар Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ, ки барои дарёфти ҷоизаҳои дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал-1976 Зебуниссо Рустамова баргузор шуда буд, пирӯзӣ ба даст оварда буданд. 

Варзишгарони тоҷик дар Қирғизистон сазовори медал шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед