Ru  | Tj
Бонувони тоҷири арабро ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик ҷалб менамоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонувони тоҷири арабро ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик ҷалб менамоянд
Акс: Интернет

Бонувони тоҷири арабро ба ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик ҷалб менамоянд

Нашр шуд

Дар ояндаи наздик бонувони тоҷир ва сармоягузор аз ҳавзаи кишварҳои арабӣ барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик ҷалб мешаванд ва сафарҳои омӯзишии онҳо ба кишвар роҳандозӣ мегардад.

Ба иттилои шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон, дар ин бобат ​ 26-уми август дар мулоқоти Қурбон Ҳакимзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ тавофуқ ҳосил гаштааст.

Гуфта мешавад, ин дидор дар доираи сафари ҳайатҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2022» баргузор гардидааст.

Манбаъ афзудааст, Марям Ашшиносӣ, роҳбари ҳайатҳои Аморот ва Саудӣ дар мулоқот аз ҷумла зикр кардааст, ки онҳо ният доранд, дар муддати 6 моҳи оянда бонувони тоҷирро аз ҳавзаи кишварҳои арабӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва соҳибкорони тоҷикистонӣ ҷалб намоянд ва сафарҳои омӯзишиву равобити устувори тиҷоратиро ба роҳ монанд.

Таъкид гардидааст, ки Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ раванди вусъатманди ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд ва тоҷирони ин мамлакатҳо омодаи роҳандозии ҳамкорӣ дар самти бандубаст ва коркарди мева, гӯшт, пиставу меваи хушк, ангишт ва атриёт ҳастанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ, ба вижа ​ Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хос дорад.

26-27-уми август дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» ​ бо ҳузури сармоягузорону соҳибкорони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид ва дар он намоиши молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон шуд.

Дар як моҳи охир ин дувумин ҳамоиши байналмилалии иқтисодӣ дар кишвар аст. Қаблан ҳамин гуна як форум дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам баргузор гардида буд. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар раванди ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёфтан ба сармоягузорони бештари дохиливу хориҷӣ ниёз дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон меъëри бозтамвилро боло бурд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед