Ru  | Tj
БОР ва Тоҷикистон барномаи иқлимӣ бо ҳазинаи 8 миллиард долларро муаррифӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

БОР ва Тоҷикистон барномаи иқлимӣ бо ҳазинаи 8 миллиард долларро муаррифӣ карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

БОР ва Тоҷикистон барномаи иқлимӣ бо ҳазинаи 8 миллиард долларро муаррифӣ карданд

Нашр шуд

Бонки Осиёии Рушд (БОР) ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе барномаи маблағгузории иқлимии кишварро муаррифӣ карданд.

Тибқи ин барнома, ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва коҳиши таъсири ин раванд то соли 2030 барои Тоҷикистон 8 миллиард доллар сармоя зарур аст. Дар ин бора намояндагии БОР дар Душанбе хабар дод.

Шанни Кэмпбелл, намояндаи БОР дар Тоҷикистон зимни муаррифии ин барнома гуфт:

“Ҳамчун яке аз кишварҳои осебпазир аз назари иқлим дар Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон бо хатарҳои ҷиддии иқлимӣ рӯбарӯ аст, ки метавонад ба хисороти бебозгашти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муҳити зист оварда расонад. Таъсир ба сокинони деҳот, ки қисми асосии аҳолиро ташкил медиҳад, махсусан ба занон, пиронсолон ва кӯдакон бештар хоҳад буд».

Хатароти иқлимӣ хавфи обшавии пиряхҳо, таъсири манфӣ ба обёрӣ ва гидроэнергетика, зиёдшавии шиддати обхезиҳо, фишори гармӣ, адами амнияти ғизоӣ, хушксолӣ, харобшавии зерсохтҳои муҳим аз сабаби болоравии ҳарорат ва буридани ҷангалҳоро дар бар мегиранд.

Дар ин росто Тоҷикистон барои коҳиши асароти тағйирёбии иқлим ва мтуобиқшавӣ ба ин раванд амалисозии як барномаи бузурги сармоягузориро бар ӯҳда гирифтааст.

Сармоягузориҳои афзалиятнок барои тавсеаи истифодаи энергияи барқароршаванда дар тамоми бахшҳои масрафи ниҳоӣ, ба ҳадди аксар расонидани самаранокии истифодаи энергия, рушди нақлиёти тозаи экологӣ, саноати сабз ва идоракунии партовҳоро пешбинӣ кардаст.

Кишоварзии устувор бахши дигари афзалиятнок буда, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, киштгардони устувор ва гуногунии зироатҳо, вусъат додани хоҷагиҳои ҷангалпарварӣ, боғу токдорӣ, муҳофизати хок ва муборизаи зидди ҳашароти зараррасон, такмили низоми мудирияти чарогоҳҳо, чорводорӣ ва зиёд кардани майдони ҷангалзорро дар бар мегирад.

Зикр мешавад, ки нақшаи маблағгузории иқлимӣ санади стратегӣ буда, иштироки тамоми вазорату идораҳоро тақозо мекунад. Сармоягузориҳо барои татбиқи он бояд аз сарчашмаҳои гуногун, ҳам дохилӣ ва ҳам байналмилалӣ ворид карда шаванд.

Гуфта мешавад, Бонки Осиёии Рушд ба нақша гирифтааст, ки аз ҳисоби захираҳои худ дар давоми солҳои 2019-2030 ба ҳамаи кишварҳои дар ҳоли рушд дар умум 100 миллиард доллар барои барномаҳои иқлимӣ ҷудо кунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед