Ru  | Tj
Бори дигар. Муҳриддин ба Гутерриш аз мавқеи қатъии Тоҷикистон дар бобати ҳукумати ҳамашумул гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бори дигар. Муҳриддин ба Гутерриш аз мавқеи қатъии Тоҷикистон дар бобати ҳукумати ҳамашумул гуфт
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бори дигар. Муҳриддин ба Гутерриш аз мавқеи қатъии Тоҷикистон дар бобати ҳукумати ҳамашумул гуфт

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони милал бори дигар ба мавқеи қатъӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон таъкид намуд.

Дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк Вазири хориҷии Тоҷикистон бо Антониу Гутерриш дидору гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ин мулоқот, ки рӯзи 1-уми октябр баргузор гардид, тарафҳо маҷмӯи васеи масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони милалро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарӣ, муҳитизистӣ ва амният мавриди баррасӣ қарор доданд.

Расонидани кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ барои роҳ надодан ба сар задани фоҷеаи гуманитарӣ дар ин кишвар аз дигар мавзӯоте буд, ки таваҷҷуҳи махсуси тарафҳоро ҷалб намуд.

Бо таъкид ба аҳамияти тақвияти равобити бисёрҷониба, Муҳриддин ва Гутерриш ҳамчунин перомуни муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, инчунин вокуниши муассир ба пайомадҳои иқтисодӣ-иҷтимоии бемории ҳамагири COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои об табодули назар намуданд.

Вазири корҳои хориҷӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон танҳо ҳукуматеро дар Афғонистон эътироф мекунад, ки фарогир ва бо шумули ҳамаи гурӯҳҳои сиёсӣ ва қавмии ин кишвар бошад.

Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон аз рӯи аввали ғасби ҳукумат аз сӯи Толибон* (* - созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) дар Афғонистон дар моҳи август борҳо гуфтааст, ки танҳо ҳукумати фарогирро эътироф менамояд.

Ин мавқеи Душанбе дар суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳам садо дода буд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин борҳо иброз намудааст, ки ҳудуди 46 дарсади аҳолии Афғонистонро тоҷикон ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумати ин кишвар ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Гутерриш ба нишасти сарони давлатҳои СҲШ даъват шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед