Ru  | Tj
Бори нахуст акси ҳамсари Президенти Туркманистон дар интернет пайдо шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бори нахуст акси ҳамсари Президенти Туркманистон дар интернет пайдо шуд
Акс: Sondakika

Бори нахуст акси ҳамсари Президенти Туркманистон дар интернет пайдо шуд

Нашр шуд

То ин дам акси Бердимуҳаммадова бо шавҳару аҳли оилааш дар расонаҳо нашр нашудааст.

Нашрияи "Sondakika" расми зани президенти Ҷумҳурии Туркманистонро нашр намудааст. То ин дам ҳеҷ кас намедонист, ки бонуи аввали Туркманистон чӣ гуна сурат дорад.

"Sondakika" қайд намудааст, ки президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пас аз анҷоми мулоқот бо раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ҳамтои худро ба зиёфат даъват намудааст. 

Гуфта мешавад, ки оилаи Бердимуҳаммадовҳо бо меҳмонон акси хотиравӣ гирифтаанд ва ҳамсари сарвари Туркманистон низ Огулгерек Бердимуҳамедова ба дурбини суратгир афтодааст.

То дирӯз  дар расонаҳо акси Бердимуҳаммадов танҳо дар иҳотаи фарзандону наберагонаш нашр мешуд ва ҳамсараш ҳамеша пушти парда меистод.

Рӯзи 28-уми ноябр дар Ишқобод 15-умин нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон ва дигар кишварҳо иштирок доштанд.


Аз ИМА то АМА ва Саудӣ. Шаҳрвандони 52 кишвар ба Тоҷикистон бе раводид омада метавонанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед