Ru  | Tj
Бортников: Дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити» беш аз 20 нафар боздошт шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бортников: Дар робита ба ҳамлаи  террористӣ дар  «Крокус Сити»  беш аз 20 нафар боздошт шудааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Бортников: Дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити» беш аз 20 нафар боздошт шудааст

Нашр шуд

Рӯзи 24-уми май дар қароргоҳи давлатии «Ала-Арча» дар Бишкек ҷаласаи 54-уми Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ таҳти раёсати Қамчибек Ташиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баргузор шуд.

Александр Бортников, раиси Хадамоти амнияти Русия зимни суханронӣ дар ин ҷаласа эълон кард, ки дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити» зиёда аз 20 нафар боздошт шудаанд. Дар ин бора хабаргузории АКИpress иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи Бортников, дар миёни омилони ин ҳамлаи террористӣ ва ҳамдастони онҳо низ ҳастанд. Вай гуфт, ки амалиёти вижа ба ҳамкории хадамоти амниятии Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом шудааст.

Бортников тавзеҳ дод, ки ду нафар аз омилони ҳамла қабл аз амали террористӣ аз Туркия ба Русия омадаанд. Раиси Хадамоти амнияти Русия афзуд, яке аз боздоштшудагон эътироф кард, ки рӯзи 4-уми март аз Туркия онҷо парвоз кардааст. Ба гуфтаи вай, барои куштани одамон ба ӯ ним миллион рубл пешниҳод кардаанд.

«Муайян карда шуд, ки омодагӣ, маблағгузорӣ, ҳамла ва хуруҷи террористон аз ҷониби аъзои гурӯҳи «Вилояти Хуросон» воқеъ дар минтақаи Афғонистону Покистон, тавассути интернет ҳамоҳанг карда шудааст”, - гуфт Бортников.

Раиси Хадамоти амнияти Русия таъкид кард, ки ҳадафи фармоишгарони ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” ин халалдор кардани робитаҳо миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сӯистифода аз омилҳои динӣ ва миллӣ буд.

Хотиррасон мекунем, ки ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Холл” дар наздикии шаҳри Маскав рӯзи 22-юми марти соли ҷорӣ рух дод. Дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ 145 нафар кушта ва беш аз 550 нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ҳамларо “Вилояти Хуросон” – шохаи гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бар ӯҳда гирифт.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед