Ru  | Tj
Бостоншиносони ҷавони ИДМ барои омӯхтани Ҳулбук омадаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бостоншиносони ҷавони ИДМ барои омӯхтани Ҳулбук омадаанд
Акс: Ansor

Бостоншиносони ҷавони ИДМ барои омӯхтани Ҳулбук омадаанд

Нашр шуд

Бостоншиносони ҷавон аз Беларус, Молдова, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон ҷиҳати ҳузур ёфтан дар “Мактаби тобистонаи бостоншиносони ҷавони ИДМ” ба Тоҷикистон омадаанд.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, «Мактаби тобистонаи бостоншиносони ҷавони ИДМ» дар заминаи шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва бо ширкати бостоншиносони ҷавони чанд кишвари ИДМ 15-уми август оғоз гаштаву то 22-юми ҳамин моҳ давом меёбад.

Гуфта мешавад, ки қисмии назариявии семинар дар Академияи миллии илмҳо ва бахши амалиаш дар шаҳри бостонии Ҳулбук ва иншооти атрофи он баргузор шуда истодааст.

Аз Тоҷикистон дар ин давраи омӯзишӣ мутахассисони соҳаи Вазорати фарҳангу муассисаҳои зертобеи он ва кормандони Академияи миллии илмҳо ширкат доранд.

Бояд гуфт, ки чандин сол аст, ки ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги миллии тоҷикон дар кишвар «Мактаби тобистонаи бостоншиносони ҷавони ИДМ» баргузор мешавад.

Соли 2016 машғулиятҳои ин давраи омӯзишӣ дар Саразм гузашта буданд ва чанд соли охир дар Ҳулбук баргузор мешаванд.

Ҳулбук таърихи беш аз ҳазорсола дорад ва дар маъхазҳои асрҳои 9 –10 аз ин шаҳр ҳамчун маркази Хуталон ёд шудааст.

Бостоншиносони тоҷик осоре пайдо карданд, ки беш аз 5 ҳазор сол дорад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед