Ru  | Tj
Боз як кишвари дигар дар садади пайвастан ба СҲШ аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боз як кишвари дигар дар садади пайвастан ба СҲШ аст
Акс: РИА Новости

Боз як кишвари дигар дар садади пайвастан ба СҲШ аст

Нашр шуд

Сафири Непал дар Маскав Милан Раҷ Туладхар аз азми кишвараш барои пайвастан ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай хабар дод.

Ба гузориши РИА Новости, Сафири Непал дар Маскав гуфтааст, ки кишвараш аллакай дархостномаи пайвастан ба СҲШ-ро омода мекунад ва интизор дорад, ки ин масъала дар нишасти навбатии сарони кишварҳои созмон, ки соли оянда дар Ҳиндустон баргзор мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирад.

Дар нишасти ахири сарони давлатҳои СҲШ дар Самарқанд роҳбари ин созмон Чан Мин ҳам зикр карда буд, ки ба пайвастани Непал ба СҲШ хушбин аст, чун ин кишвар давоми солҳои зиëд дар чорабиниҳои созмон ширкати фаъол дорад.

Бояд гуфт, Ҷумҳурии Федеративии Демократии Непал  аз соли 2016 шарики мубоҳисавии СҲШ аст. Айни замон ҳашт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон узвияти комилҳуқуқ дар ин созмонро доранд.


Толибон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми узвият дар ДИИШ дар Кобул боздошт кардаанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед