Ru  | Tj
Боз як ширкат иҷозатномаи амалиёт бо арзи хориҷро дарёфт кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боз як ширкат иҷозатномаи амалиёт бо арзи хориҷро дарёфт кард
Акс: airport.tj

Боз як ширкат иҷозатномаи амалиёт бо арзи хориҷро дарёфт кард

Нашр шуд

Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати «Тад Дютӣ Фрӣ» барои анҷоми амалиёт бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Дар вебгоҳи ин ниҳод иттилоъ дода мешавад, ки бо қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16-уми январ ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тад Дютӣ Фрӣ» барои анҷоми амалиёт бо арз (асъор)-и хориҷӣ ба муҳлати 3 сол иҷозатнома дода шуд.

Қобили зикр аст, ки мағозаҳои «Duty Free» яке аз вижагиҳои муҳими ҳар як фурудгоҳи байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Тафовути дуконҳои «Duty Free» дар он аст, ки хидматрасонӣ дар онҳо танҳо бо билети саворшавӣ сурат мегирад.

Дар вебгоҳи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дода шудааст, ки дар мағозаи «Tad Duty Free» бо ҳаргуна арз (асъор)-и хориҷӣ ё кортҳои пластикии бонкӣ пардохт имконпазир аст. Дар байни молҳое, ки дар дукони «Tad Duty Free»-и терминали нави фурудгоҳи Душанбе муаррифӣ мешаванд, интихоби васеи маҳсулоти спиртӣ, сигор, атриёт, ҷавоҳирот ва армуғон вуҷуд дорад.

Бояд гуфт, ки тибқи қонуни ҶТ «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», амалиёт бо арзи хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Тибқи муқарроти ин қонун, иҷозатномаи мазкурро корхонаву ширкатҳое дастрас карда метавонанд, ки ба фаъолияти мағозаҳои савдои бебоҷ, хидматрасонии махсус бо арз (асъор)-и хориҷӣ, миёнаравӣ дар бозори байналмилалии арз машғул ҳастанд.

Гуфта мешавад, ки аз соли 2021 то кунун иҷзоатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷоми амалиёт бо арзи хориҷиро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигсия», ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ҶДММ «Созидание» (масъули идораи меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe), «CHL INTERNATIONAL» (масъули идораи «Hilton Dushanbe») ва ширкати «Скай Кейтеринг», ки дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб ба таъмини ғизо дар ҳавопаймо машғул аст, дарёфт кардаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед