Ru  | Tj
Боз як устод рафт. Ҳунарманди маъруфи тоҷик Аловуддин Абдуллоев даргузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боз як устод рафт. Ҳунарманди маъруфи тоҷик Аловуддин Абдуллоев даргузашт
Акс: Vecherka.tj

Боз як устод рафт. Ҳунарманди маъруфи тоҷик Аловуддин Абдуллоев даргузашт

Нашр шуд

Имрӯз Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар 57-солагӣ аз олам даргузашт. 

Ба иттилои Вазорати фарҳанг,  Аловуддин Абдуллоев, аз маъруфтарин ҳунармандони театру синамои тоҷик ва ҳаҷвнигори соҳибмактаб бар асари сактаи қалб ва дар синни 57-солагӣ аз олам чашм пӯшид. 

Гуфта мешавад, маросими видоъ бо ин ҳунарманд ва дафни ӯ баъд аз зуҳри имрӯз дар шаҳри Бохтар баргузор мешавад.  

Вай дар театру синамои тоҷик нақшҳои мондагори зиёде иҷро кардааст, аммо намоишҳои телевизионии "Шӯхиҳои Аловуддин" ин ҳунармандро дӯстдоштаи хурду калони кишвар гардонид. 

Вазорати фарҳанг ва шахсиятҳои маъруфи кишвар даргузашти Аловуддин Абдуллоевро барои фарҳанги тоҷик талафоти бузург унвон карданд. 

Абдуллоев соли 1965-ум дар шаҳри Бохтари Хатлон таваллуд шуда, соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда буд. 

Пас аз хатми донишгоҳ ва чандин сол ҳамчун ҳунарманд ва коргардон дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа кор карда, чанд муддат раҳбарии ин театрро ба зимма дошт. 

Марҳум моҳи январи соли 2019 сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таъин шуда буд. 


Лата Мангешкар даргузашт. 2 рӯзи мотами миллӣ дар Ҳиндустон




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед