Ru  | Tj
Боздошти беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боздошти беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия
Акс: аз манбаъҳои боз

Боздошти беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Русия

Нашр шуд

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 528 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дар хориҷ аз ин кишвар боздошт гардиданд.

Дар соли 2024 дар Русия беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Инчунин 23 нафари дигар бо ҳамин ҷурм дар Узбекистон ва 3 нафар дар Қазоқистон боздошт шуданд, гуфт Зафар Самад, раҳбари Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон.

«Мисли ҳарсола шумораи бештари боздоштшудаҳо дар Русия - 502 нафар, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 23 нафар, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 3 нафар ба қайд гирифта шудаанд», - гуфт Зафар Самад.

Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ, дар шаш моҳи соли 2024 дар хориҷи ин кишвар 528 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки 610 нафар боздошт шуда буд, 82 нафар камтар аст.

Раиси ин ниҳод афзуд, аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар боздошт шудаанд, дар маҷмуъ 96 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ҳамзамон Зафар Самад хабар дод, ки теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд, ки дар нимаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 10 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла 5 нафар шаҳрвандони Афғонистон, 3 нафар шаҳрвандони Узбекистон, 1 шаҳрванди Қазоқистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Зикр мешавад, ки аз шаҳрвандони хориҷӣ беш аз 235 кг маводи мухаддир мусодира гардид.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед