Ru  | Tj
Боздошти Усмонзода вакили парлумони Тоҷикистон: Додситон гуноҳашро гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Боздошти Усмонзода вакили парлумони Тоҷикистон: Додситон гуноҳашро гуфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Боздошти Усмонзода вакили парлумони Тоҷикистон: Додситон гуноҳашро гуфт

Нашр шуд

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва собиқ раҳбари Ҳизби демократ аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум гардида, ба ҳабс гирифта шуд. Усмонзода дар тарҳрезӣ барои бо роҳи зӯр ғасб намудани ҳокимият дар Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

Тибқи иттилои хабаргузории расмии “Ховар”, имрӯз дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, пешниҳоди Додститонии кулли ин кишвар дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудан ва ба ҳабс гирифтани вакил Саидҷаъфар Усмонзода мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Юсуф Раҳмон додситони кулли Тоҷикистон дар ин ҷаласаи парлумон гуфт, нисбати Усмонзода Саидҷаъфар Усмон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 306 қисми 2 банди «в»-и Кодекси ҷиноятӣ, ки кирдори ҷинояткориро барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият муқаррар менамояд, мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Ба иттилои ин ниҳод, тафтишот муайян намуд, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон»* Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, оид ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ намудааст.

Дар идома гуфта мешавад, ки Шарофиддин Гадоев ваъда додааст, ки барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Ҳизби наҳзати ислом»* Муҳиддин Кабирӣ ба ӯ кумакҳои пулӣ расонида, зиёда аз се ҳазор ҷанговарони ташкилоти террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ»*-ро аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон таъмин менамояд.

Ба гуфтаи додситони кулли Тоҷикистон, Саидҷаъфар Усмонзода ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохили кишвар ва берун аз он тарафдорони худро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб карда, гурӯҳҳо ташкил намуда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор намудааст.

Тибқи маводҳои тафтишот, бар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канори Тоҷикистон вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф намуда, ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон зӯран сарнагун намоянд.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллар (ИМА) хоҳиш намудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки 12 июни соли 2024 нисбати Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда хамчун гумонбар дастгир карда шуд.

Ба иддаои ин ниҳод, Саидҷаъфар Усмонзода ба гуноҳи худ пурра иқрор шуда, он бо сабти навор ва гуфтугӯҳо, нишондоди шоҳидон ва дигар далелҳои бебаҳс пурра тасдиқи худро ёфтааст.

Баъди гузориши Юсуф Раҳмон, вакилони Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзодаро аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум карданд.

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли 2024 Ҳизби демократи Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатӣ баргузор намуда, Саидҷаъфар Усмонзодаро аз раҳбарии ин ҳизб барканор кард.

Ба дунболи ин, Шаҳбози Аброри 34-сола, ки то ин замон раиси бахши Ҳизби демократи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе буд, раҳбари ин ҳизб интихоб шуд.

*-созмонҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон

 Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед