Ru  | Tj
Британияи Кабир барои кӯмак ба таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Британияи Кабир барои кӯмак ба таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ кард
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Британияи Кабир барои кӯмак ба таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ кард

Нашр шуд

Намояндаи воломақоми Британияи Кабир гуфт, ки кишвараш омода аст, ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати таъмини амнияти минтақавӣ кӯмак кунад. 

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додаву афзуд, ки ин нукта дар гуфтугӯи Фарҳод Салим, муовини Вазири хориҷии Тоҷикистон ва Аҳмад Уимбледон, Вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубии Подшоҳии Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ зикр гардид.

Манбаъ афзуд, ки дар ин гуфтугӯи Фарҳод Салим ва Аҳмад Уимбледон, ки ба шакли маҷозӣ баргузор шуд, тарафҳо перомуни масоили амнияти минтақавӣ ва вазъи кунунии Афғонистон табодули афкор намуданд.  

Дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон масъалаи таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ба мавзӯи мубрами рӯз табдил ёфтааст. 

Тоҷикистон бо манотиқи шимолии Афғонистон ҳудуди 1400 км марзи муштарак дорад.  Қаблан Дабири кулли СААД гуфт, ки марз бо Афғонистон зери назорати сарҳадбонони тоҷик аст ва зарурате барои иросли нерӯҳои изофӣ вуҷуд надорад. 




Станислав Зас: Мо ҳамаи имконотро дорем, то амнияти ҳар давлати узви СААД- ро таъмин созем

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед