Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2025 тасвиб шуд
Нашр шуд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи буҷаи давлатиро барои 2025 баррасӣ ва тасвиб кард.
Хароҷоти буҷаи соли оянда 7,5 млрд сомонӣ нисбати соли 2024 бештар аст. Дар ин бора дафтари матбуотии парлумони Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, ки даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2025 дар ҳаҷми 49,6 млрд сомонӣ бо афзоиши 15,4 дарсад пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла даромади буҷети соли оянда аз ҳисоби воридоти андозҳо дар ҳаҷми 22,7 млрд сомонӣ бо афзоиши 20,4 дарсад, боҷҳои гумрукӣ 10,4 млрд сомонӣ бо афзоиши 23,4 дарсад ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузоӣ 11,2 млрд сомонӣ таъмин мешавад.
Дар баробари ин қисми хароҷоти буҷаи соли ояндаи давлати Тоҷикистон дар ҳаҷми 51,6 млрд сомонӣ бо афзоиши 7,5 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар соли оянда барои соҳаҳои иҷтимоӣ ҷудо шудани 23,9 миллиард сомонӣ аз буҷаи давлатӣ дар назар аст.
Барои рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт аз буҷет 15.2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад, ки ба таҳкими иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани зарфияти содиротии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон барои соли 2025 дар ҳаҷми 166,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 8,4 дарсад пешбинӣ гардидааст.
Дар баробари ин таъкид мешавад, ки бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ дар соли навбатии молиявӣ, меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 75 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед