Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
“Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2022” ба тасвиб расид
Нашр шуд
Пас аз тасвиби маҷлиси намояндагон “Буҷети давлатӣ барои соли 2022” тавассути Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон мавриди таъид қарор гирифт.
Дар буҷети соли оянда ба соҳаҳои иҷтимоӣ бартарӣ дода шуда, ба ин бахшҳо қариб нисфи маблағи Буҷети давлатӣ равона шудааст.
Қаҳҳорзода Файзиддин Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми даромади будҷаи соли оянда 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса ба будҷаи соли 2021 беш аз 19 дарсад афзоиш дода шудааст.
Дар низоми молии Тоҷикистон, афзоиши якбораи будҷа ба ҳаҷми 5 миллиард сомонӣ хеле камсобиқа аст.
Мақомоти молии кишвар мегӯянд, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) тибқи пешбинии онҳо соли оянда 7,9 дарсад зиёд хоҳад шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед