Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 тасвиб шуд
Нашр шуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 1-уми декабр лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва «Дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025»-ро баррасӣ ва тасвиб карданд.
Дар ин ҷаласаи парлумон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки буҷети соли оянда нисбат ба соли 2022 12,3 фоиз ё 4,1 миллиард сомонӣ зиёд мешавад.
Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, дар соли 2023 даромади буҷети давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад дар ҳаҷми 37,1 млрд сомонӣ ба нақша гирифташуда нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар ба 29,1 фоиз баробар гардидааст.
Дар баробари ин таъкид шуд, ки хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 38,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 4,5 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Вазири молияи Тоҷикистон дар идома гуфт, ки дар буҷети давлатии соли ояндаи ин кишвар ба хароҷот барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад, ки 44,5 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла дар соли 2023 хароҷот барои соҳаи маориф 7 млрд 210,4 млн сомонӣ, бо афзоиши 14,4%, тандурустӣ дар ҳаҷми 3 млрд 343,1 млн сомонӣ бо афзоиши 16%, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ наздики 4 млрд. 900 млн сомонӣ бо афзоиши 13,1% ва соҳаи фарҳангу варзиш ба маблағи 1 млрд 494,3 млн сомонӣ бо афзоиши 24,6% пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2023 маблағгузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми 12 млрд 681,3 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки он ба 9,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон баробар аст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед