Ru  | Tj
Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Тоҷикистон 37,8 млн. доллар ҷудо мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Тоҷикистон 37,8 млн. доллар ҷудо мекунад
Акс: Интернет

Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои Тоҷикистон 37,8 млн. доллар ҷудо мекунад

Нашр шуд

Вакилони палатаи поёнии парлумонӣ дар ҷаласаи ахири худ лоиҳаи созишнома миёни ин кишвар ва Бунёди байналмилалии рушди кишоварзиро баррасӣ ва тасвиб карданд. Дар ин бора нашрияи парлумонии «Садои мардум» хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин манбаъ, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар парлумон гуфт, ки Созишнома байни ҳукумати ин кишвар ва Бунёди байналмилалии рушди кишоварзӣ бо ҳадафи тақвияти амнияти ғизоӣ, кам намудани осебпазирии аҳолӣ аз тағйирёбии иқлим, ҷорӣ намудани усулҳои муосири истеҳсолоти кишоварзӣ мутобиқ ба иқлим ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии хонаводаҳо имзо шудааст.

Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, ин аз 4 қисмати асосӣ, аз ҷумла таҳкими иқтидори бахши давлатӣ вобаста ба идораи захираҳои табиии ба тағйирёбии иқлим тобовар, таҳкими иқтидори ҷамоат барои мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим тавассути сармоягузорӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии маҳалҳои алоҳида ва гурӯҳи осебпазири аҳолӣ тавассути равишҳои бозорӣ иборат мебошад.

Гуфта мешавад, ки маблағи умумии лоиҳа 37,8 млн. долларро ташкил медиҳад, ки он аз 31,1 млн. доллар кумаки бебозгашт (грант) ва 6,7 млн. доллар қарз мебошад. Саҳми Ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа 5,9 млн. доллар аст, ки он тавассути пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ амалӣ мешавад.

Дар умум таъкид мешавад, ки бо амалисозии ин лоиҳа сатҳи зиндагии тақрибан 100 ҳазор хонаводаи бенаво (камбизоат) дар 400 деҳаи шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Балҷувон, Бохтар, Кӯшониён, Данғара, Фархор, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Ховалинг, Хуросон, Кӯлоб, Панҷ, Шамсиддини Шоҳин, Темурмалик, Вахш, Восеъ, Ёвон, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Мастчо ва Зафаробод тадриҷан беҳтар гардида, татбиқи лоиҳа то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед