Ru  | Tj
Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода мешавад
Акс: Интернет

Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созмон дода мешавад

Нашр шуд

Бунёди сармоягузорӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат мекунад.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ҳам Бунёди сармоягузорӣ таъсис медиҳанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст.

Бино ба шарҳи вазорат, сармояи оинномавии ин бунёд 50 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Ҳамакнун, рӯзи чоршанбе дар шаҳри Бохтар, нахустин Анҷумани сармоягузории байниминтақавии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Бояд гуфт, чорабинӣ ба муносибати сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки рӯзҳои 10-11 июн пешбинӣ шудааст, роҳандозӣ гардида ва дар он созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.

Ҷаласаи Шурои машваратӣ оид ба фазои сармоягузорӣ баргузор гардид

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед