Ru  | Tj
Бутафлиқа даргузашт. Эмомалӣ Раҳмон ба Президенту мардуми Алҷазоир таслият гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бутафлиқа даргузашт. Эмомалӣ Раҳмон ба Президенту мардуми Алҷазоир таслият гуфт
Акс: НИАТ "Ховар"

Бутафлиқа даргузашт. Эмомалӣ Раҳмон ба Президенту мардуми Алҷазоир таслият гуфт

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёме даргузашти Абд-ул-Азиз Бутафлиқаро ба Президент ва мардуми Алҷазоир таслият гуфт.

Ба иттилои Дафтари матбуоти Президент, дар ин паёми худ ба Абд-ул-Маҷид Таббун, Сарвари кунунии Алҷазоир Эмомалӣ Раҳмон аз Бутафлиқа ба унвони ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ ёд кардааст.

Раҳмон ҳамчунин аз саҳми босазои Бутафлиқа дар тавсеа ва таҳкими муносиботи Тоҷикистону Алҷазоир гуфтаву таъкид доштааст, ки “бо саъйю талошҳои пайвастааш дар ин ҷода (тақвияти равобит бо Тоҷикистон - Halva) дар хотироти мо боқӣ хоҳад монд”.

Абд-ул-Азиз Бутафлиқа аз чеҳраҳои тобноки Ҳаракати миллӣ-озодихоҳии Алҷазоир дар асри гузашта буд. Соли 1999 бори аввал ба тахти сарварии кишвараш нишаст ва ба ҷанги шаҳрвандие, ки беш аз 150 ҳазор кушта бар ҷой гузошт, хотима бахшид. Ӯ солиёни зиёде Президенти Алҷазоир буд.

Алҷазоир кишвари африқоиест, ки беш аз 40 миллион нуфус дорад ва қисми зиёди қаламраваш биёбонанд.

Даргузашти ҳунарманди маъруфи тоҷик дар студия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед