Ru  | Tj
Бузургтарин гузашти низомӣ дар Тоҷикистон. Раҳмон сарбозону афсаронро ба ҷашни Истиқлол табрик гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин гузашти низомӣ дар Тоҷикистон. Раҳмон сарбозону афсаронро ба ҷашни Истиқлол табрик гуфт
Акс: SNG.fm

Бузургтарин гузашти низомӣ дар Тоҷикистон. Раҳмон сарбозону афсаронро ба ҷашни Истиқлол табрик гуфт

Нашр шуд

Имрӯз дар майдони “Дӯстӣ” –и Душанбе бо ширкати 30 ҳазор сарбозу афсар ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон гузашти низомӣ доир шуд.

Ба гузориши Хадамоти матбуоти Президент, таҷлил аз сисолагии Истиқлол имрӯз дар Душанбе бо гузашти низомӣ бо ширкати 30 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ оғоз гардид.

Ба иттилои манбаъ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сарбозону афсаронро ба ҷашни Истиқлол табрик гуфтаву ибрози итминон намуд, ки низомиёни тоҷик минбаъд низ қарзи фарзандӣ ва рисолати ҷавонмардии худро дар назди миллату Ватан ва давлат содиқона ба ҷо меоваранд.

“Мо бо хизмати софдилонаву ватандӯстонаи низомиёни кишвар, яъне фарзандони далеру ҷасур ва ғаюру шуҷои миллат ифтихор мекунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин чун рамзи 30 соли истиқлол ҳини иҷрои Суруди миллӣ дар як вақт аз тӯпҳо 30 шиллик паронда шуд.

Гуфта мешавад, дар як вақт инчунин дар марказҳои маъмурии тамоми вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар гузаштҳои ҳарбӣ доир шудааст.

Манбаъ шумораи умумии ширкатдорони гузашти низомӣ дар Тоҷикистонро 162 ҳазор нафар гуфтааст.

Лозим ба зикр аст, ки қаблан дар гузаштҳои низомӣ дар майдони марказии Душанбе асосан аз 5 то 15 ҳазор сарбозу афсар иштирок мекарданд ва ин бузургтарин гузашти низомӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед