Ru  | Tj
Бузургтарин табодули маҳбусон байни Русия ва Ғарб: Аз ҳарду ҷониб 24 нафар озод шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин табодули маҳбусон байни Русия ва Ғарб:  Аз ҳарду ҷониб 24  нафар озод шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Бузургтарин табодули маҳбусон байни Русия ва Ғарб: Аз ҳарду ҷониб 24 нафар озод шуд

Нашр шуд

Расонаҳои байналмилалӣ гузориш додаанд, ки бузургтарин табодули асирон миёни Русия ва Ғарб пас аз ҷанги сард анҷом шуд. Аз сӯи Русия 16 зиндонӣ ва аз тарафи Амрикову чанд кишвари ғарбӣ 8 зиндонӣ табодул шуданд.

Ба гузориши Ройтерс, ин маҳбусон 1 август пас аз як соли музокироти махфӣ бо миёнҷигарии Туркия табодул шуданд.

Мубодилаи ин зиндониён дар фурудгоҳи Анкара, пойтахти Туркия, таҳти назорати хадамоти истихборотии ин кишвар сурат гирифтааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъйид кард, ки дар ҷараёни ин табодул, аз ҷумла, хабарнигори Wall Street Journal, Иван Гершкович ва Пол Уилан, як сарбози собиқи нерӯи баҳрии ин кишвар аз ҷониби Русия озод карда шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Олмон низ таъйид кардааст, ки дар ин табодул Вадим Красиков, як шаҳрванди Русияро, ки ба куштор дар Берлин муттаҳам шуда буд, раҳо кардааст.

Дар ин табодули зиндониён Лаҳистон, Словения, Норвегия ва Беларус низ ширкат кардаанд.
 
Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА аз созиши табодули ин маҳбусон истиқбол кард ва онро "шоҳкори дипломатия ва дӯстӣ" номид.

Аз сӯи дигар, пас аз фуруд омадани маҳбусони озодшудаи рус дар Маскав, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, онҳоро дар фурудгоҳ истиқбол кард ва гуфт, ба онҳо ҷоизаҳои давлатӣ хоҳад дод.

Қасри Кремл бо нашри як баёния гуфт, ки тасмим дар бораи раҳоии зиндониёни ғарбӣ ба манзури бозгашти шаҳрвандони Русия ба ватан гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки охирин табодули асирон миёни Амрико ва Русия дар соли 2010 сурат гирифт ва 14 маҳбус аз ҳарду ҷониб озод шуданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед