Ru  | Tj
CAFA-2022: Ҷавонони тоҷик ҳамсолони қирғизи худро шикаст доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

CAFA-2022: Ҷавонони тоҷик ҳамсолони қирғизи худро шикаст доданд
Акс: Интернет

CAFA-2022: Ҷавонони тоҷик ҳамсолони қирғизи худро шикаст доданд

Нашр шуд

Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 дар Душанбе тими ҷавонони Қирғизистонро шикаст доданд. 

Ба иттилои Федератсияи футболи кишвар, шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дар даври сеюми мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни тимҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола футболбозони ҷавони тоҷик ҳамсолони қирғизи худро бо ҳисоби се бар як мағлуб намуданд. 

Ҳамчунин, шоми дирӯз тими ҷавонони Эрон ба ҳисоби чаҳор бар сифр бар дастаи Афғонистон пирӯзӣ ба даст овард. 

Бояд гуфт, ки ин дувумин ғалабаи ҷавонони тоҷик дар CAFA-2022 аст. Қаблан дар даври дуюми ин сабқат мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 1 мунтахаби Афғонистонро шикаст дода буд.

Мусобиқоти қаҳрамонии CAFA-2022 миёни ҷавонони то 19-сола  бо иштироки мунтахаби ҷавонони Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон 5-уми август дар Душанбе оғоз ёфта ва то 12-уми август идома меёбад. 

Бар асоси низомномаи мусобиқот ҳар як даста бо рақибони худ дар як давра бозӣ мекунад ва тими ғолиб аз рӯи имтиёзҳои касбкарда муайян мешавад. 

Соли гузашта низ тамоми бозиҳои CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) дар Душанбе баргузор шуда буданд. 

Таърихи тоза: Паҳлавони тоҷик ҷудокори рақами яки ҷаҳон шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед