Ru  | Tj
Caritas Internationalis ба Тоҷикистон барои аз нав барқарор кардани хонаҳои фурӯрафта кӯмак мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Caritas Internationalis ба Тоҷикистон барои аз нав барқарор кардани хонаҳои фурӯрафта кӯмак мекунад
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Caritas Internationalis ба Тоҷикистон барои аз нав барқарор кардани хонаҳои фурӯрафта кӯмак мекунад

Нашр шуд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр маросими имзои Созишномаи ҳамкории КҲФ ва Caritas Internationalis оид ба татбиқи лоиҳаи Каритас - расонидани ёрӣ ба зарардидагон аз бодлеси замин (эрозия), ки дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷомӣ рух дода буд, баргузор шуд.

Бино ба гузориши дафтари матбуоти КҲФ, ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Раиси КҲФ генерал-полковник Рустам Назарзода ва директори Caritas Internationalis дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ёрмуҳаммад Холов имзо шуд.

Қарор аст то моҳи феврали соли 2022 ин созишнома дар амал татбиқ шавад.

Мувофиқи муоҳада ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти коҳиш додани хатари офатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 7-ум ва 8-уми майи соли равон бар асари боришоти шадид дар ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷомӣ эрозияи сахти хок ба амал омад.

Офати табиии зикргардида ба зиёда аз 168 хонавода зарар эҷод намуда, 30 хона пурра ба таги замин фурӯ рафт.

Кӯмаки Қазоқистон ба Тоҷикистон бо таҷҳизотҳои тиббӣ



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед