Ru  | Tj
Чаҳор паҳлавони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чаҳор паҳлавони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирифтанд
Акс: Интернет

Чаҳор паҳлавони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирифтанд

Нашр шуд

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 –уми июл оғоз шуда, то 8-уми августи соли 2021 давом меёбад. Қувваозмоии варзишгарон дар риштаи дзюдо бошад аз 24 то 31 -уми июл идома хоҳад ёфт.

Тибқи радабандии олимпии Федератсияи байналмиллалии дзюдо, Сомон Маҳмадбеков дар вазни 73 кило ва бо 3580 имтиёз дар садри рӯйхати дзюдочиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва дар мақоми 16-уми радабандии олимпии дзюдочиёни олимпии ҳамин вазн қарор дорад.

Мувофиқ ба қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) танҳо беҳтаринҳои радабандии ҷаҳон, ки дар «минтақаи сабз»-и ҷадвали радабандии олимпӣ қарор доранд, ба Бозиҳои олимпӣ мераванд. Илова бар ин, аз як давлат дар як вазн танҳо нафари дар радабандии олимпӣ назар ба ҳамватани худ мақоми болотар дошта, соҳиби роҳхати олимпӣ мегардад. Ба ҳамин хотир, Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарчанд дар вазни 73 кило бо 2796 имтиёз дар «минтақаи сабз» қарор дорад, бинобар имтиёзҳои кам доштанаш (ҷойи 25-ум) роҳхати Олимпиадаро ба даст наовард.

Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов мустақиман роҳхатро ба даст оварда, Акмал Муродов бошад, бо ба даст овардани квотаи минтақавӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт.

Бояд қайд намуд, ки рӯзи 28-уми июн Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) ҳамаи варзишгарони соҳиби роҳхатшударо расман эълом менамояд.



ФФ Тоҷикистон ва АФ Қатар меморандуми ҳамкорӣ имзо карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед