Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Чаҳорчӯби нави ҳамкории СММ ва Тоҷикистон барои солҳои 2023-2026 ба баррасӣ кашида шуд
Нашр шуд
18-уми феврали соли ҷорӣ Ҷонибек Ҳикмат, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) бо Амина Муҳаммад, муовини Дабири кулли СММ мулоқот анҷом додааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷаи кишвар хабар медиҳад, Ҷонибек Ҳикмат ва Амина Муҳаммад дар ҳошияи мулоқот перомуни масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар самти татбиқи ҳадафҳои рушди пойдор ва ташаббуси “Нури рӯшноӣ” табодули афкор намудаанд.
Ба таъкиди манбаъ, дар рафти музокирот ҷонибҳо масъалаи раванди таҳияи чаҳорчӯби ҷадиди равобити СММ оид ба рушди устувор дар Тоҷикистон барои 3 соли ояндаро низ мавриди муҳокима қарор додаанд.
Ҳамчунин, миёни намояндаи Тоҷикистон ва СММ атрофи амалишавии ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва дар доираи он баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла Конфронси Душанбе– 2022 мубодилаи назар сурат гирифтааст.
Ёдрас мешавем, ки 1-уми январи соли 2022 Русия барои иҷрои тарҳи СММ дар Тоҷикистон, ҷиҳати такмил додани тавонмандии ҷавонон 2 миллион доллар ихтисос дода буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед