Ru  | Tj
Чархаи чоруми нерӯгоҳи обии «Норак» баъди навсозӣ фаъол шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чархаи чоруми нерӯгоҳи обии «Норак» баъди навсозӣ фаъол шуд
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон

Чархаи чоруми нерӯгоҳи обии «Норак» баъди навсозӣ фаъол шуд

Нашр шуд

Таҷдиди бузургтарин нерӯгоҳи обии Тоҷикистон – “Норак” соли 2019 оғоз шуда, то кунун аз нӯҳ чархаи нерӯгоҳ, ду чархаи он навсозӣ шуд.

Рӯзи 30 август бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чархаи рақами чори нерӯгоҳи обии "Норак" баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора хадамоти матбуотии раҳбари Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки корҳои таҷдиду навсозии нерӯгоҳи обии “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои анҷоми корҳо беш аз 35 миллион евро маблағгузорӣ шуд.

Зикр мешавад, ки зарфияти гидроагрегати чоруми неругоҳ баъди навсозӣ дар як шабонарӯз то ба 8 миллиону 266 ҳазору 519 кВт/соат нерӯи барқ боло рафт.


Дар ҳоли ҳозир марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар нерӯгоҳи "Норак" идома дошта, дар доираи он таҷдиди 3 гидроагрегати дигари нерӯгоҳ, ивазнамоии 27 борбардор, навсозии 3 ҳалқаи барқии зеризаминӣ, ивази лифтҳо, таъмири дарбандҳои бефи поён, таҷдиди дарбандҳои куравӣ, навсозии пойгоҳҳои насосии неругоҳ, таҷдиди шабакаи идора ва назорат анҷом шуда, дар маҷмуъ неругоҳи "Норак" тақрибан ба таври куллӣ навсозӣ хоҳад шуд.

То имрӯз дар доираи лоиҳа ба ғайр аз пурра навсозӣ гардидани ду гидроагрегати нерӯгоҳ, ҳамзамон дастгоҳи тақсимоти кушодаи 220 ва 500 кВ ба дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазӣ иваз карда шуд.

Ғайр аз ин дар неругоҳ корҳои навсозӣ дар дастгоҳҳои гидромеханикии иншооти гидротехникӣ, иваз кардани автотрасформаторҳо ва назорати сарбанд аз тарафи ширкатҳои дохилию хориҷӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки гидроагрегати якуми неругоҳ баъд аз навсозӣ моҳи октябри соли 2022 мавриди истифода қарор дода шуда буд ва ҳоло бо иқтидори 375 МВт фаъолият дорад.

Гуфтанист, неругоҳи обии "Норак" бар фарози рӯди Вахш бунёд шуда, гидроагрегати охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шуд. Нерӯгоҳи обии "Норак" дорои 9 гидроагрегат бо зарфияти умумии 3 ҳазор МВт аст. Барои аввалин бор соли 1988 ҳамаи нуҳ агрегати ин неругоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии неругоҳ ба 3000 МВт расонида шуд.

Дар ҳоли ҳозир неругоҳи "Норак" беш аз 75 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед