Ru  | Tj
Чемпионати дучархаронии “Осиё – 2022” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чемпионати дучархаронии “Осиё – 2022” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад
Акс: Pressa.tj

Чемпионати дучархаронии “Осиё – 2022” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

Нашр шуд

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Президенти Конфедератсияи дучархаронии Осиё Осама Аҳмад Ал-Шафар бо сафари корӣ ба Душанбе омадааст, то макон ва шароити баргузории аввалин Чемпионати дучархаронии Осиёро дар Душанбе баррасӣ кунад.
 
Дар бораи баргузории мусобиқаи дучархаронии Осиё аз 25-ум то 28-уми марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе миёни Конфедератсияи дучархаронии Осиё ва Федератсияи дучархаронии Тоҷикистон тафоҳумнома ба имзо расидааст.
 
Баргузор кардани мусобиқаи дучархаронии “Осиё-2022” дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли ҷорӣ дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раиси Конфедератсияи дучархаронии Осиё Осама Аҳмад Ал-Шафар тафоҳум ба имзо расида буд.
 
Бояд гуфт, аввалин бор аст, ки мусобиқаи осиёии дучархаронӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Медали нуқраи паҳлавони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба гуштинҳои юнони-румии



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед