Ru  | Tj
Чин аз Афғонистон нахи пахта мехарад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин аз Афғонистон нахи пахта мехарад
Акс: аз манбаъҳои боз

Чин аз Афғонистон нахи пахта мехарад

Нашр шуд

Вазорати саноат ва тиҷорати Толибон* мегӯяд, бо як ширкати чинӣ барои содироти нахи пахтаи Афғонистон ба маблағи 25 миллион доллар қарордод имзо шуд.

Вазорат бо нашри як баёния гуфтааст, ки ин қарордод 11 июл миёни ширкати "Пахта - тилои сафеди афғон" ва ширкати "Shanghai Khoban Tikstyle" ба имзо расид.

Вазорати саноат ва тиҷорати Толибон* гуфтааст, бар асоси ин қарордод, 10 ҳазор тонна калобаи пахтаи Афғонистон ба маблағи 25 миллион доллар ба Чин содир мешавад.

Бояд гуфт, ки аз замони дубора ба даст овардани ҳокимият дар Афғонистон, Толибон* талош доранд равобити сиёсиву иқтисодиро бо Чин густариш диҳанд.

Ин гурӯҳ алакай қарордоди истихроҷи бархе аз конҳои бузурги Афғонистонро ба ширкатҳои чинӣ додааст.


  *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед