Ru  | Tj
Чин аз Амрико хостори лағви таҳримҳои зидди Афғонистон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин аз Амрико хостори лағви таҳримҳои зидди Афғонистон шуд
Акс: Интернет

Чин аз Амрико хостори лағви таҳримҳои зидди Афғонистон шуд

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И аз Амрико ва кишварҳои ғарбӣ даъват ба амал овард, ки таҳримҳои ҷоришудаи алайҳи Афғонистонро лағв кунанд.

Бинобар гузориши "ТАСС", Ван И зимни мулоқот бо Абдулғанӣ Бародар дар Доҳа қайд намудааст, ки ҷиҳати рушди мусоиди Афғонистон ҳамаи ҷонибҳо бояд бо "Толибон"* ба таври  оқилона ва прагматикӣ ҳамкорӣ намоянд.

Ба иловаи манбаъ, Ван И изҳор доштааст, ки Чин то қадри имкон ба мардуми афғон кӯмаки башардӯстонаро мерасонад, инчунин дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати рафъи мушкилоти муваққатӣ ва расидан ба эҳёи иқтисодӣ ва худшиносӣ Афғонистонро дастгирӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ки Вазири хориҷаи Чин умед ба он дорад, ки "Толибон" ҳукумати фарогирро ташкил мекунанд ва дар роҳи бозсозии осоишта, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии занону кӯдакон  бо ҳамаи гурӯҳҳои этникии Афғонистон ҳамкорӣ менамоянд. 

Ӯ ҳамчунин, "Толибон"-ро ба пеш гирифтани сиёсати дӯстона дар муносибат бо кишварҳои ҳамсоя даъват намуда, пешниҳод намудааст, ки дар Афғонистон давлати муосир ва ба манфиати халқ ҷавобгӯ ташкил карда шавад.

Вазири умури хориҷаи Чин ва узви Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И рӯзҳои 25-26-уми октябр ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Қатар ташриф овард.

Тобистони соли 2021 Амрико бидуни эъломи расмӣ нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад. 15-уми август "Толибон" бе ҷанг вориди Кобул шуданд, ки дар натиҷа Президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ фирор намуд. Рӯзи 7-уми сентябр "Толибон" ҳайати муваққатии Афғонистонро эълон кард, ки то ҳол ягон кишвар онро расман эътироф накардааст.

"Толибон"* -ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Дар Маскав аз "Толибон" хостанд, ки барои ташкили ҳукумати фарогир чора андешанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед