Ru  | Tj
Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кӯмаки бебозгашт мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кӯмаки бебозгашт мекунад
Акс: РБК

Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кӯмаки бебозгашт мекунад

Нашр шуд

Дар Парлумони Тоҷикистон Созишномаи пешниҳоди кӯмаки бебозгашт аз ҷониби Чинро баррасӣ карданд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси Олӣ, дирӯз 18-уми октябр таҳти раëсати Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поëнии Парлумон Созишнома миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Чин бобати пешниҳоди кӯмаки бебозгашт мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Гуфта мешавад, бар асоси Созишномаи мазкур Чин дар ҳаҷми ҳаштсад миллион юани чинӣ ба Тоҷикистон кӯмаки бебозгашт барои бозсозии қитъаҳои қисман калидии марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма, қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ ва татбиқи лоиҳаҳои дигари басозишрасида пешниҳод кардааст.

Манбаъ меафзояд, лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагон «Дар хусуси лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кӯмаки бебозгашт»-ро, ки аз ҳисоби маблағҳои грантии Чин маблағгузорӣ мегардад, Вазорати молияи Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумат аз 13-уми июли соли 2021 омода кардааст.

Чин яке аз шарикони муҳимми иқтисодии Тоҷикистон аст ва солҳои охир аз ҷониби ин кишвар лоиҳаҳои бузурге дар Тоҷикистон ба иҷро расидаанд.

Айни замон Чин дар маркази Душанбе барои Парлумони Тоҷикистон бинои нав бунëд мекунад.

Муовини Шӯрои амнияти Қирғизистон кӯмаки башардӯстонаро дар Кобул ба дасти Мулло Абдулғанӣ Бародар супурд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед