Ru  | Tj
Чин барои навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Рӯшон 203 миллион доллар грант медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин барои навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Рӯшон 203 миллион доллар грант медиҳад
Акс: Интернет

Чин барои навсозии роҳи Қалъаи Хумб – Рӯшон 203 миллион доллар грант медиҳад

Нашр шуд

Пекин барои сохт ва таҷдиди роҳи миёни Қалъаи Хумб ва Рӯшон 203,9 миллион доллари амрикоӣ грант медиҳад.

Ба гузориши «Авесто», Азим Иброҳим, Вазири нақлиёти Тоҷикистон дирӯз дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон аз ин бобат иттилоъ дода, гуфтааст, ки Чин ба Тоҷикистон барои сохтмон ва таҷдиди қитъаи Қалъаи Хумб - Рӯшон 203,9 млн доллари амрикоӣ ҷудо менамояд.

Вазири тоҷик зимни баррасии ин масъала дар Парлумон афзудааст, ки маблағҳои мазкур барои навсозии ин қитъаи 92 километраи шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма дар асоси грантӣ дода мешаванд ва Тоҷикистон воридоти таҷҳизотро барои сохтмони ин қисмати роҳ аз андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад.

Душанбе-Хоруғ-Қулма шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалии мошингард аст, ки тавассути он молҳои асосӣ аз Чин ба Тоҷикистон ворид мешаванд.



Дар Тоҷикистон соли гузашта 30 ва имсол 12 ширкати сайёҳӣ таъсис ёфтааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед