Ru  | Tj
Чин бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дар ҳифзи сарҳадот ва амниятро тақвият мебахшад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дар ҳифзи сарҳадот ва амниятро тақвият мебахшад
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чин бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дар ҳифзи сарҳадот ва амниятро тақвият мебахшад

Нашр шуд

Си Ҷинпин гуфт, ки Чин омода аст бо Тоҷикистон дар заминаи амният ва таҳкими ҳифзи сарҳадот ҳамкории зич роҳандозӣ намояд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Самарқанд бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дидору гуфтугӯ кард.

Гуфта мешавад, сарони давлатҳо дар ин мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Чинро баррасӣ намуда, ба рушди бемайлони ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ баҳои баланд додаанд.

Си Ҷинпин аз ҷумла таъкид доштааст, ки кишвараш нигаронии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро ба хуби дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкории зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Ҳамчунин, ҷониби Чин манфиатдории худро ба тавсеаи ҳамкории амалии минтақавӣ дар чорчӯби механизми «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин» иброз доштааст.

Манбаъ меафзояд, баррасии равобити иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Чин аз меҳварҳои аслии ин мулоқот будааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва «рушди сабз» ҳавасмандӣ зоҳир кардаанд. 

Зикр шудааст, ки агарчи гардиши мутақобилаи молҳо миëни Тоҷикистону Чин дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 дарсад афзоиш ёфтааст, аммо  ҳанӯз ҳам барои рушди равобити тиҷоратӣ имконоти зиëди истифоданашуда мавҷуданд.

Дар идома Чин ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминии тоҷик «ТАЛКО», ҳамчунин, татбиқи ҳарчи зудтари марҳалаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма дар қитъаи Қалъаи Хумб — Ванҷ — Рӯшон  ибрози ҳавасмандӣ кардааст.

Ҳамчунин, манбаъ гуфтааст, ки дар ҳошияи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват ба амал овардааст, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба манзури ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Самарқанд рафта буд.




Тоҷикистон ва Қувайт ҳамкориҳоро дар бахшҳои сармоягузорӣ ва иқтисодиёт тақвият мебахшанд





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед