Ru  | Tj
Чин: Бояд Пекину Маскав аз сар задани “инқилобҳои ранга” дар Осиёи Марказӣ пешгирӣ кунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин: Бояд Пекину Маскав аз сар задани “инқилобҳои ранга” дар Осиёи Марказӣ пешгирӣ кунанд
Акс: ИА Regnum

Чин: Бояд Пекину Маскав аз сар задани “инқилобҳои ранга” дар Осиёи Марказӣ пешгирӣ кунанд

Нашр шуд

Вазири хориҷии Чин гуфт, ки Маскав ва Пекин бояд талош кунанд, ки пеши роҳи сар задани “инқилобҳои ранга” дар Осиёи Марказӣ ва густариши терроризм, экстремизм ва сепаратизм дар ин минтақа гирифта шавад.

Ба иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин, Ван И ин матлбаро рӯзи 10-уми январ дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров зикр кардааст.

Дар ин мулоқот Ван И ба Лавров гуфтааст, ки Чину Русия ҳамчун узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бояд иҷоза надиҳанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба гирдоби ҷанг кашида шаванд.

Вазири хориҷии Чин афзудааст, ки Маскав ва Пекин бояд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои бартарафсозии оқибатҳои ҳамагири коронавирус ва рушди иқтисодӣ мусоидат намоянд ва ба ин васила ҷиҳати аз байн бурдани заминаҳои иҷтимоии сар задани бесуботиҳо талош намоянд.

Вай таъкид доштааст, ки Чину Русия бояд барои вокуниши муштарак ба чолишҳои мухталифи амниятӣ дар минтақа тақвияти ҳамоҳангии СҲШ ва СААД-ро дастгирӣ намоянд.

Қаблан Вазорати хориҷии Русия низ аз мулоқоти Сергей Лавров бо Ван И хабар дода буд. Вазорати хориҷии Русия гуфта буд, ки вазирон дар ин тамоси телефонӣ вазъи Қазоқистон ва дахолати нерӯҳои беруна ба нооромиҳои ин кишварро баррасӣ намудаанд.

Тазоҳурот ва бетартибӣ дар Қазоқистон 2-юми январ оғоз ёфт ва мардум ба баҳонаи боло рафтани нархи гази моеъ ба кӯчаҳо баромаданду даст ба қонуншиканиҳо заданд.

Дар пайи ташаннуҷи авзоъ Президенти ин кишвар Тоқаев аз шарикони СААД дархости кӯмак намуд ва рӯзи 6-уми ноябр нерӯҳои посдори сулҳи ин созмон вориди Қазоқистон шуданд. Ба иттилои РИА “Новости”, аз Тоҷикистон ҳам ҳудуди 200 афсар ба Қазоқистон сафарбар шудаанд.

Аммо бар пояи маълумоти ахири расонаҳо, ҳамакнун вазъ дар Қазоқистон ба эътидол омадаву дар ду рӯзи оянда хурӯҷи нерӯҳои СААД аз ин кишвар оғоз меёбад.

Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед