Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Чин дар Суғд нерӯгоҳи офтобӣ месозад
Нашр шуд
Ширкати “China Datang” нақша дорад, ки дар шимоли Тоҷикистон як нерӯгоҳи офтобӣ бо зарфияти 500 МВт бунёд кунад.
Да шаҳри Хуҷанд ахиран мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғди Тоҷикистон бо Ван Хао, мудири кулли гурӯҳи ширкатҳои чинии “China Datang” дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода дар мавриди вазъи иқтисодӣ ва захираву имкониятҳои мавҷуда дар ин вилоят изҳори назар карда, барои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои истеҳсолии Чин изҳори омодагӣ кард.
Дар ин замина таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд бо кишварҳои хориҷӣ ҳамкории густарда дошта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ин вилоят дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба наздики 1,5 миллиард доллар баробар гардид.
Аз сӯи дигар зикр шуд, ки ширкати чинии “China Datang” соли 2002 таъсис ёфта, яке аз бузургтарин таъминкунандагони нерӯи барқ дар Чин аст.
Ширкати мазкур дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари Узбекистони ҳамсоя низ истеҳсоли батареяҳои офтобиро ба роҳ монда, «энергияи сабз» истеҳсол менамояд.
Дар ин замина таъкид шуд, ки ширкати “China Datang” нақша дорад, ки дар вилояти Суғд низ нерӯгоҳи офтобиро бунёд карда, то 500 мегаватт нерӯи барқ тавлид кунад.
Дар ин росто Раҷаббой Аҳмадзода омодагии худро барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла истеҳсоли "энергияи сабз" бо ширкатҳои чинӣ изҳор дошт.
Бояд гуфт, қаблан Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дода буд, ки ширкати давлатии China Pingmei Shenma Holding Group Co. Ltd-и Чин аллакай ба бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Данғара» бо иқтидори 1000 МВт ва бо ҳазинаи 400 млн доллар оғоз кардааст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед