Ru  | Tj
Чин дипломатҳои пешбаришудаи Толибон ба Сафорати Афғонистонро қабул кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин дипломатҳои пешбаришудаи Толибон ба Сафорати Афғонистонро қабул кард
Акс: Ориен

Чин дипломатҳои пешбаришудаи Толибон ба Сафорати Афғонистонро қабул кард

Нашр шуд

Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи Вазири умури хориҷаи Толибон* (*Ҳаракати террористӣ) мегӯяд, Чин дипломатҳоеро, ки онҳо ба сафорати Афғонистон дар Пекин пешбарӣ кардаанд, ба ҳузур пазируфтааст.

Дар як наворе, ки Вазорати хориҷаи Толибон нашр кард, Амирхон Муттақӣ ба хабарнигорон дар Чин гуфт, Пекин дипломатҳои пешниҳодии Имороти исломиро пазируфтааст. Аммо вай аз ин дипломатҳо ном набурдааст.

Қобили зикр аст, ки Амирхон Муттaқӣ ҳафтаи гузашта бо даъвати Чин барои ширкат дар нишасти севуми Вазирони умури хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба Чин сафар карда буд.

Амирхон Муттақӣ ҳамчунин ба хабарнигорон гуфт, Толибон умедворанд, равобити худро бо Чин, бахусус дар бахши иқтисодӣ густариш диҳанд.

Вай афзуда, Имороти исломӣ барои таъмини некӯаҳволӣ ва сармоягузории тоҷирони чинӣ дар дохили кишвар талош мекунад, то Афғонистон дигар муҳоҷири иқтисодӣ надошта бошад.

Бояд гуфт, ки то ҳол ҳеҷ кишваре, аз ҷумла Чин ва Русия ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтаанд.


Канада эълом дошт, ки 40 ҳазор гурезаи Афғонистонро қабул мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед