Ru  | Tj
Чин Эмомалӣ Раҳмонро ба маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ даъват кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин Эмомалӣ Раҳмонро ба маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ даъват кард
Акс: Sputnik

Чин Эмомалӣ Раҳмонро ба маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ даъват кард

Нашр шуд

Чин аз Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки дар маросими ифтитоҳияи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ширкат намояд.

Ба иттилои хабаргузории расмии “Ховар”, ин матлабро дар як нишасти хабарӣ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин баён намудааст.

Венбин гуфтааст, ки аллакай шумори зиёди сарони кишварҳо, раисони ҳукуматҳо ва аъзои оилаҳои шоҳона барои ширкат дар маросими кушодашавии оимлпиада сабтином шудаанд ва Чин аз онҳо пазироӣ хоҳад кард.

Манбаъ гуфтааст, ки аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои ширкат дар ин чорабиниии муҳими варзишӣ даъватнома дарёфт кардаанд.

Бояд гуфт, ки анӯз мақомоти расмии Тоҷикистон дар бобати сафар кардан ё накардани Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Чин иттилое надодаанд.

Аммо сухангӯи Кремлин Димитрий Песков қаблан ба расонҳао гуфта буд, ки Путин ҷиҳати ширкат дар маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Пекин меравад ва ин нахустин сафари хориҷии вай дар соли ҷорӣ хоҳад буд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ 4-уми феврал дар Пекин, пойтахти Чин барзуор мешавад ва ин мусобиқаи муҳими варзишӣ то 20-уми феврал идома меёбад. Пекинро ҳанӯз соли 2015 дар Куала Лумпури Малайзия ҳамчун макони баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ интихоб карда буданд.

Дар Бозиҳои зимистонаи олимпии имсол аз рӯи ҳафт намуди варзиш, аз ҷумла лижаронӣ, чанаронӣ, бобслей,биатлон, кёрлинг ва хоккей варзигарон барои дарёфти 109 медали тило сабқат мекунанд.

Ҳамин тавр, пойтахти Чин нахустин шаҳр дар ҷаҳон хоҳад буд, ки мизбони ҳам Бозиҳои тобистона ва ҳам Бозиҳои зимистонаи олимпӣ будааст.

Қаблан Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар гуфта, буд, ки Тоҷикистон аз Пекин барои баргузории бехатар ва муваффақи бозиҳои олимпӣ пуштибонӣ мекунад.

Вай афзуда буд, ки дар вақти муқарраршуда варзишгарони тоҷик ва ҳайати дастаи Тоҷикистон дар ин олимпиада ширкат хоҳанд кард.


Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки Бозиҳои байналмилалии Делфиро соли 2021 баргузор кунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед